Ба қурбони қаду болоти гирдам

Балогардони сар то поти гирдам

Чаҳ истиғно ва нозаст ин илоҳӣ

Фидои нозу истиғноати гирдам

Ба хоки поят эй бути корзўим

Ҳамин бошад ки хоки поти гирдам

Ҳалоки ориз зебот бошам

Шаҳиди қомати раъноати гирдам

Ҳамин гардад маро дар дили шабу рӯз

Ки гирди манзилу мأўоти гирдам

Маро дидӣ ва гуфтӣ ин саги мост

Ба гирди дидаи байноти гирдам

Рафиқи осо маро дорад бар он ишқ

Ки расвоят шавам шайдоати гирдам