Ба аз ишқу гадои мансаб ва ҷоҳӣ наме донам
Гадои ишқам ва худро кам аз шоҳӣ наме донам
Ним аз зӯри бозуи кӯҳкани лекин чу кор уфтад
Ба пеши ҳиммати худ кӯҳро коҳӣ наме донам
Ба сӯии мақсад эй Хизрами худоро раҳнамое кун
Ғариб ва бекас ва саргаштаам роҳӣ наме донам
Накардӣ бохабари ёри маро аз ҳоли зори ман
Чаро имшаб дигар эй нола кӯтоҳӣ наме донам
Набошад эй писари ҳасании чунин фарзанди одам ро
Фиришта ё парӣ ё меҳр ё моҳӣ наме донам
Ҳазорам дард дил бошад вале аз безабонӣ ҳо
Чу май байнами туро ман нола ва оҳӣ наме донам
Рафиқ аз ман мапурс аҳволи ман пайваста дар ишқаш
Ки гоҳе ҳол худ медонам ва гоҳе наме донам