Касе чун ту балои ҳаргиз надида аст

Чу ман каси мубталои ҳаргиз надида аст

Ман лаби ташна зон лаб ҳар чаҳ дидам

Хизри зи оби бақои ҳаргиз надида аст

Дилами он дидааст аз ҷазба ӣ ишқ

Ки коҳ аз каҳрабои ҳаргиз надида аст

Ман он бисёр аз ҷони ноумедам

Ки дарди ман давои ҳаргиз надида аст

Ҷафоро дидам аз ағёру ёрам

Басӯиам аз вафои ҳаргиз надида аст

Нигоҳам мекунад зи он сон ки гўӣӣ

Маро дар ҳеҷ ҷои ҳаргиз надида аст

Рафиқ аз хори хори дил чаҳ гӯям

Ки ӯ хорӣ ба пои ҳаргиз надида аст