Кори ман меҳри туу пешаи ту кин манаст
Кини ман расми туу меҳри ту ойин манаст
То маро ҳаст вафои пеша , туро ҳаст ҷафо
То туро ҳаст ҷафои кеш , вафо дайн манаст
Шодии ман ғаму андӯҳи дили хуррами тест
Ғами ту айшу нишоти дил ғамгин манаст
Онкӣ ташвиш надониста , дили сокини ту
Вонкаҳ таскин нашносад , дил мискин манаст
Зон нанолам зи ғами дард ки дарди ғами ту
Боиси сабри ману мӯҷиб таскин манаст
Рӯй некӯии ту рӯзӣ ки набинам он рӯз
Тираи олами ҳама бар чашми ҷаҳон байн манаст
Нест аз сӯзи ниҳонам касе огоҳи рафиқ
Магари он шамъ ки шаб бар сар болин манаст