Шуд аз баҳори дили афрӯз , олами имкон

Ба ранги давлати соҳибқирони аҳд , ҷавон

Сипеҳри мартабаи аббоси шоҳ каз теғаш

Рқўми фатҳу зафар ҳамчу ҷавҳараст аён

Гирифтааст дам аз зулфиқори шамшераш

Азон намешавад аз корзори рӯгардон

Чунон ки буд баҳақи ҷад ӯ васии расӯл

Баҳақи з Подшаҳон ӯст сояи яздон

На ҳар савод ки бошад мутобиқ асл аст

Якеаст каъбаи мақсӯд дар тамоми ҷаҳон

Агар чаҳ ҳаст даҳ ангушт дар шумори яке

Баланди номи з сбобаҳ мешавад имон

Ба мумиёеи иқбол ӯ дуруст шавад

Расад ба ҳар ки шикастии зи хусравони замон

Балии шикастаи худро кунад ҳилоли дуруст

зи партави назари офтоби нўроФшон

Азон замон ки фалаки пой дар рикоб оварад

Надид шоҳсўорӣ чу ӯ дарин майдон

Агар ба ҷавҳар теғаш кунанд нисбати мавҷ

Қалам шавад ба кафи баҳри панҷаи марҷон

Ҳар он хаданг ки аз шаст соф бигушоед

зи ҳафт пушти аду сар баровард пайкон

Ба як хаданги сафи душманон ба ҳам шаканд

Чу сафҳае ки бар ӯ хати кашанди аҳли баён

Сипеҳри бандагии остона ӯ ро

Камари зи коҳкшон бастааст аз дилу ҷон

Мусаххари хам чавгон ӯст гӯии замин

Мутӣъи ҷилва икрон ӯст даври замон

Фурӯғи ахтари соҳибқиронӣ аз теғаш

Чу офтоб буд аз ҷабини субҳи аён

Шикваи давлат ӯ хусравони олам ро

Ба дасту пои азимати ниҳоди банди гарон

Нигоҳ каҷ натавонанд сӯй Эрон кард

зи бими теғи каҷаши хусравони малики ситон

Ҳазор парда ба худ ҳамчу осмон болид

Басит рӯй замин аз бисоти амну амон

Агар чаҳ буд зи лайл ва наҳор чархи дўмўӣ

зи шодмонии даврони шоҳи гашти ҷавон

Замин биҳишт шуд аз адл ва аз мулоиматаш

Ба ҷои об дар ӯ ҷӯии шери гашти равон

Шудааст оташ сӯзанда хобгоҳи сапанд

зи бас ба давлат ӯ орамидааст ҷаҳон

зи офтоб наад ноф бар замини гардун

зи ҳалам соя кунадгар бар ин баланди айвон

Гуҳар ба риштаи гусастани зи ҳам наме резад

зи бас ки мунтазам аз адл ӯст вазъи ҷаҳон

зи шодмонии аҳдаши ҷанин бурун ояд

Чу писта аз раҳми пӯст бо лаби хандон

зи ҳасани ният ӯ моя Эй гирифт саҳоб

Ки бениёз шуд аз тлхрўиии Аммон

Намондааст ба ҷузи дарди дайн дигар дардӣ

зи истиқомати даврони он Масеҳи замон

Назар ба қомат иқбол ӯст кӯтаҳу танг

Қабои чарх ки бар хок мекашад домон

Ба шамъи даст ҳимоят шавад насими саҳар

Дар он диёр ки ҳифзаш диҳад салои амон

Чу абри ҳосили дарё ба қатра гар бахшад

Шавад зи шарми карами ҷабҳааш ситора фишон

Насими халқаш агар бугзарад ба шӯраи замин

Баҳори анбар Соро шавад сифедии он

зи рои равшан ӯ моҳи нур агар гирад

Кунад зи дидаи хуршеди ҷӯии ашки равон

Агар ба кӯҳ кунад азми росихаши иқбол

Чу равад нил шавад шохи шох дар як он

Агар ба баҳр кунад сояи кӯҳи тамкинаш

Чу оби оина осӯда гардад аз тӯфон

Вагар ба кӯҳи гарони имтиҳон теғ кунад

зи сулб хора занад шуълаи сари бурӣдаи забон

Шудааст ор , гирифтан чунон зи ҳиммат ӯ

Ки Тифл шер кашидааст даст аз пистон

Паланг аз оташи хашмаши ситораи сӯхта Эй аст

Ки чун шарар шуда дар сулби кӯҳсори ниҳон

Шигифт нест ки аз длгшоиии шасташ

Даҳан ба ханда чу сӯфори вокнди пайкон

Чу на?ил хома наёяд зи остини берун

Ба аҳди ростӣ ӯ бенон каҷи қулмон

Расидаанд ба давлати азуу аҷдодаш

Чаҳ бобир ва чаҳ ҳумоюн чаҳ хусрави турон

зи зарбатӣ ки зи шамшер ӯ ба ҳинд расед

Камари шикастаи дамади нешикари зи ҳндстон

зи саҳми барқи ҷҳонсўзи теғ ӯ бархест

Ба зиндагии зи сари тахту тоҷ , шоҳҷҳон

Агар ба қибла кунад рӯй , рӯ бигардонад

зи остона ӯ ҳар ки гашти рӯгардон

зи бим , ноф фалак бугзарад зи муҳраи пушт

Чу азми ҳалқа рибоӣ кунад ба нӯки синон

зи пардаи дории ҳифзаш чу дидаи моҳӣ

Шарор , сайр кунад бехатар дар оби равон

Ҳисорӣ аз дили огоҳи гирд малик кашид

Ки то ба доман маҳшар намешавад вайрон

Агар сиёҳии душман чу шаб ҷаҳон гирад

Кунад чу субҳи парешон ба чеҳраи хандон

Шигифт нест ки дар аҳд ӯ кушояди шер

Гиреҳи зи шохи ғизолон ба нохуну дандон

Ҳар он нафас ки буд бе дуои давлат ӯ

Чу мурғ бепар ва боласт оҷиз аз тайрон

Муҳӣт рӯй замини боди ҳукми нофиз ӯ

Ҳамеша гирди замин то фалак кунад даврон