намешавад ҷони тоза аз буии баҳор зинда равад
Зинда мегардад дил аз сайри канор зинда равад
Ҳаст дар зери сиёҳии доғи нохуни хӯрда Эй
Оби Хизр аз рашки мавҷ беқарор зинда равад
Зулфи мишкӣн аз саводи Исфаҳон чун оби Хизр
Бар изори афкандаи оби хушгувор зинда равад
Дашти паймоӣ ҷунун гаштааст чун мавҷи сароб
Мавҷи оби зиндагӣ дар рӯзгор зинда равад
Зинда шуд ҳар кас ки чашмӣ об дод аз ҷилва аш
Ришта ҷонаст яксар пуду тор зинда равад
Пок месозад бисоти хокро аз зуҳди хушк
Ҷилваи мастона беихтиёр зинда равад
Ҳар ҳубобаш медиҳад аз хаймаи Лайлии хабар
Набз маҷнӯнаст мавҷ беқарор зинда равад
Шастаи рӯ чун қатраи шабнами барангезади зи хоб
Лолаи рӯйонро ҳавои обдор зинда равад
Пардаи зулмат чаро бар рӯй худ андохтааст ?
Нест оби зиндагигар шармсор зинда равад
Дидаи покаши ҳубоби баҳр раҳмат ме шавад
Ҳар дили равшан ки шуд ойӣнаи дор зинда равад
То задойад занг аз дилҳо , муҳайё карда аст
Сайқалӣ аз ҳар хами пули ҷӯйбор зинда равад
Аз чанору бед , чандини фавҷи тоўси биҳишт
Ҷилва созӣ мекунад дар ҳар канор зинда равад
Аз садафи сад домани гавҳари муҳӣт омода аст
Дар ҳарими сина аз баҳри нисор зинда равад
Ҷилваи мастонааш сайлоб ҳушасту хирад
Нест соиби ҳоҷат май дар канор зинда равад