Худоёи шоҳи моро сиҳҳати комил каромат кун

Ба ғайр аз дарди дайн аз дардҳо ӯро ҳимоят кун

зи набзи мустақӣм ӯ буд шерозаи олам ро

Ҷаҳонро мустақӣм аз сиҳҳати он пок тинат кун

Ба ҳавлу қӯти худ рафъ кун заъфи мизоҷаш ро

Мубаддили ранҷи он ҷони бахши оламро ба сиҳҳат кун

Гаронӣ беш азин он ҷони олам барнаме дорад

Ба ҷони дӯстони дарду ғам ӯро ҳўолт кун

Агар чаҳ нест лоиқи ҷони мо баҳри нисор ӯ

Нисори мақдами он шаҳсавори дайн ва давлат кун

Ба лутф хеш бурдор инҳироф аз табъ ӯ ёрб

зи шамшери каҷ ӯ маликро бо истиқомат кун

Дуои суҳбат ӯ мекунанд аз ҷону дили олам

Дуои халқро дар ҳақ ӯ ёрб иҷобат кун

Дарин мавсим ки адл аз меҳр ъолмтоб шуд мизон

Мизоҷаши муътадил ёрб ба мизон адолат кун

зи навбат чун гзирӣ нест фармони бахши олам ро

Ғаму ташвиш ӯро мунҳасир дар панҷ навбат кун

зи нури ҷабҳа ӯ чашми олам равшанӣ дорад

Чароғи олимии равшан азон хуршед талъат кун

Надорад ғайри азин вирдии забони хомаи соиб

Ки ёрб шоҳи моро сиҳҳати комил каромат кун