Иқболманди он ки ба таъӣди кирдигор
Дар зери по назар кунад аз авҷи эътибор
Таъмири об ва гул накунад чун фурӯтанон
Бар гирди худ зи лашкар дилҳо кашад ҳисор
Обро ба ҳарфи хоҳиш агар ошно кунад
Ғайр аз ризоӣ халқ нахоҳад зи кирдигор
Шаҳбози дилрабои саховат ба рӯй даст
Дар паҳни дашти сина мардум кунад шикор
Кораш буд заъифи навозӣ чу каҳрабо
Бар хирман касе нашавад абри шуълаи бор
Съиш ҳамеша сарф шавад дар ризои халқ
Ҷузи кори ҳақ шитоб наварзад ба ҳеҷ кор
Бол эй мъдлтши сояи афканд
Нагузорад офтоб кунад ранги гули аФгор
Дар базм чун насими сбкрўҳ сар кунад
Дар разми ҳамчуи кӯҳ буд поиши устувор
Нагузорад ақўё ба заъифон ситам кунанд
Бандади забони шуълаи густохро ба хор
Чун нахл пуршукуфа хӯрд санг агар ба фарқ
Бо ҷабҳаи кушода чу гул зар кунад нисор
Ҳар рӯз аз ғариби навозӣ равон кунад
Чандини ғариби комрўоро ба ҳар диёр
Киштии шикастае агар уфтад ба бахт ӯ
Чандини сафинаи гавҳар раҳмат кунад нисор
Чун гул диҳад ба хандаи рангини ҷавоб , агар
Бар дил чу ғунча неш хӯрд аз забони хор
Қуфл гирифтагӣ набӯд бар ҷабин ӯ
Чун субҳи ханда рӯй барояд ба рӯзи бор
Аз бода ғурур нагардад сиёҳи маст
То шиша нашканад ба сараши хушкии мор
Сад лаъли оташин агар уфтад ба даст ӯ
Дар як нафас ба бод диҳад чун зари шарор
Ғофили зи ёд ҳақ нашавад аз ҳуҷуми халқ
Бошад миёни баҳр ва занад сайр бар канор
Сарчашмаи Хизр буд аз халқи трзбон
Сади Сикандарӣ буд аз аҳди устувор
Дунё наёядаш ба назари бошукӯҳи дайн
Саҷҷодаи маснадаш буду сбҳаҳи дастёр
Яксон ба хос ва ом битобад чу офтоб
Бар хораи санг лола фишонд чу навбаҳор
Соиб бигӯ сариҳ ки ин гули з боғ кист
Печида чанд ҳарф тавон гуфт ғунчаи вор ?
Дар гулшанӣ ки ин ҳамаи гул ҷӯш карда аст
Мисдоқи ин сифот ки бошад ба рӯзгор ?
Наввоби хоҷаи бўолҳсни он баҳр бе канор
Он раҳмати муҷассам ва он маънии виқор
Бо неку бад чу оина софаст ботинаш
Нанашастааст бар дили мӯрии азуи ғубор
Дар табъаш инқилоб набошад ба ҳеҷ боб
Чун об гавҳараст ситода ба як қарор
Бошад низоми малик ба рои матин ӯ
Бе ӯ низом по наниҳад дар миёни кор
Дар чашм ҳимматаш набӯд қадари сим ро
Ояд ба чашми шуълаи куҷои хурдаи шарор ?
Ҳайрони тоқи абрӯии миҳроб тоъат аст
Рӯй тавваҷуҳаш набӯд сӯии ҳеҷ кор
Як нуқта дурӯғ нарондааст бар варақ
Дар дудмони хома ӯ нест холи ор
Бебод по намонад кас аз боди дастяш
Шуд то гули пиёда ба тарафи чамани савор
Дилҳои музтариб шударо ӯст чораи ҷӯй
Симобро ба даст навозиш диҳад қарор
Рӯй дилаш буд ба худо ҳар куҷо ки ҳаст
Меъмори рӯ ба қибла банно карда ин диёр
Қадари сухани шиноси хдиў аз рӯй лутф
Гӯшӣ ба достони ман длшкстаҳи дор
Шаш сол беш рафт ки аз Исфаҳон ба ҳинд
Афтодааст тавсани азми марои гузор
Дар сояи ҳимояти сарви риёзи ту
Осӯда бӯдаам зи ситамҳои рӯзгор
Маҳсуди рӯзгор , зФрхон ки ҳамчу ӯ
Дарёдилии нишони надиҳади чашми рӯзгор
Гуё дуои хайри падар дар паии ту буд
Коизди турои чунин писарӣ дод комгор
Ҳафтод солаи волид перӣаст банда ро
Каз тарбият буд ба маниши ҳақ бе шумор
Овардааст ҷазбаи густохи шавқи ман
Аз Исфаҳон ба агара влоҳўрши ашкбор
Зон пештар каз агара ба маъмураи дкн
Ояд Аннани гусастатар аз сайли навбаҳор
Ин роҳи даврро зи сари шавқ тай кунад
Бо қомати хамида ва бо пайкар назор
Дорам умеди рухсатӣ аз остони ту
эй остонати каъбаи умеди рӯзгор
Мақсӯд чун з омаданаши бурдан ман аст
Лабро ба ҳарфи рухсат ман кун гуҳари нисор
Бо ҷабҳае кушодатар аз офтоби субҳ
Дасти дуо ба бадарғаи роҳ ман барор