Музди дасту теғи қотили чашми қурбонӣ бас аст
Узрхоҳи нақш аз наққоши ҳайронӣ бас аст
Ғӯтаи зан дар баҳру фориғи шӯи зи гиру дори мавҷ
Чун ҳубоби шӯхи чашми ин косаи гирдоне бас аст
ӣнқадари тамҳиди баҳри дафъи мо дар кор нест
Хати роҳи аҳли ғайрати чини пешонӣ бас аст
Хоксорон эминанд аз трктози ҳодисот
Пштбони кулбаи мо гирди вайронӣ бас аст
Чашми пурсиш аз ту бепарво надорад ҳеҷ кас
Ҳоли беморони худро ин ки май доне бас аст
Бегуноҳӣ кам гуноҳӣ нест дар девони афв
эй азизон , ҷурми Юсуфи покдомонӣ бас аст
Нест арбоби назарро ҷурм дар изҳори ишқ
Боиси расвои ойӣнаи ҳайронӣ бас аст
Офтоби зиндагонӣ рӯй дар зардӣ гузошт
Мушти обии зан ба рӯй худ , гронҷонӣ бас аст
Покдомонони ҳарифи хор тӯҳмат нестанд
Шарми дор аз ғунчае булбул , нўохўонӣ бас аст
Чанд соиб мекунӣ андеша аз рӯзи ҷазо ?
Узрхоҳи муҷримони ашки пушаймонӣ бас аст