Ҷони равшанро ҷаҳон дар чашми бино оташ аст
Шабнам бетобро гул дар таҳи по оташ аст
Чашма теғаст оби равшани ин сайдгоҳ
Лола бе доғи ин домони саҳро оташ аст
Дар бисоти сахти ҷонони ғайри дард ва доғ нест
Хурдаи розӣ ки дорад санги хоро оташ аст
Рӯй гармии ҳаргиз аз гули андалеб мо надид
эй хушо парвонаи коўрои корфармо оташ аст
Нест пурвои шикояти ҳасани ъолмсўз ро
Тифли бозигӯшро доми тамошо оташ аст
Раҳм , бераҳмӣаст чун бо нафас бошад корзор
Дар ҷиҳоди душмани саркаш , мудоро оташ аст
То набинӣ чеҳраи торики дунёдор ро
Кӣ шавад ҳаргизи турои равшан ки дунё оташаст ?
намедиҳад андӯхтани доғи пушаймонии самар
Хонаи занбӯрро шаҳди мусаффо оташ аст
Суҳбат мо мекунад соҳибдилонро гарми ишқ
Ин кабоби хўнчконро синаи мо оташ аст
Чун сапанд аз бими чашми бади ҳамонро оташем
Гарчи чун миҷмари матоъи хонаи мо оташ аст
Маҳз бедардӣаст манъи мо куҳансолони зи ишқ
Ишқ дар ҳангоми перӣ , чун ба сармо оташ аст
Дили з торикӣ нагардад ашки резонро сиёҳ
Моҳёнро дар дили шаби оби дарё оташ аст
Ишқи зарроти ҷаҳонро дар самоъ оварда аст
Чун сапанд , афсурдагонро корфармо оташ аст
Раҳнаварди ишқро то уқда ҳастӣ баҷост
Чун сапанди хом ҳар ҷо май наад по , оташ аст
Ҳамсафар бо ҷуръати парвона май бояд шудан
Ҳар киро аз синаи гармии таманно оташ аст
Достони шавқ дар ҳар нома Эй натавон навишт
Сафҳа аз бол самандар кун ки иншо оташ аст
Ишқи ъолмсўзи соиби ҳамчуи гулзори халил
Боғҳо дар парда дорад , гарчи пайдо оташ аст