Бо камоли эҳтиёҷ , аз халқи истиғно хуш аст

Бо даҳони хушки мурдан , бар лаби дарё хуш аст

Нест парвои талхи комонро зи талхиҳои ишқ

Оби дарё дар мазоқи моҳии дарё хуш аст

Кӯҳи тоқат барнаме ояд ба мавҷи ҳодисот

Лангар аз ратли гарон кардан дар ин дарё хуш аст

Бодбони киштӣ май наъра мастона аст

Ҳои вҳўӣ май кашон дар маҷлиси саҳбо хуш аст

Хирқаи тазвир аз боди ғурур обистан аст

Ҳақи парастӣ дар либоси атласу дебо хуш аст

Моҳ дар абри тнки ҷавлон дигар ме кунад

Чеҳраи тоъат , ниҳон дар пардаи шабҳо хуш аст

Ҳар чаҳ рафт аз умр , ёди он ба некӣ ме кунанд

Чеҳраи имрӯз дар ойӣнаи фардо хуш аст

Фикри шанбе талх дорад ҷумъаи атфол ро

Ъушрати имрӯз бе андешаи фардо хуш аст

Барқро дар хирмани мардум тамошо карда аст

Он ки пиндорад ки ҳоли мардуми дунё хуш аст

Зӯр бар роҳ оварад чун роҳрав танҳо шавад

Аз ду олам , дашти паймои талаб танҳо хуш аст

Ноқисон дар пардаи зулмат наме бенанди нур

Варна пеши комилони тоўси сар то по хуш аст

Ҳеҷ корӣ бетаъаммул гарчи соиб хуб нест

Бе таъаммули остин афшодан аз дунё хуш аст