Шохи гулро аз саропои чеҳра танҳо нозук аст
Нозуки андомӣ ки ман дорам саропо нозук аст
Орзӯии бӯса дар дил хӯн шавад ушшоқ ро
Гар бигӯям чеҳра ӯ то куҷоҳо нозук аст
Аз баёз гарданаш пайдост хӯни ошиқон
намешавад бепарда май , чандон ки мино нозук аст
наме тавон сад ранги гул дар ҳар нигоҳии дастаи баст
Бас ки ранги чеҳраи он моҳи симо нозук аст
Ҷилваи по дар рикоби хати ду рӯзӣ беш нест
Ғофил аз фурсат машав , вақти тамошо нозук аст
наметавонистам ба хӯни худ лабаш дар хӯн кашид
Вақт тангасту ҳаёи меҳри лабу ҷо нозук аст
Сахт май ларзам бар ин занҷири азин девона ҳо
Риштаи зулфи ту нозук , хуии дилҳо нозук аст
Дар дили сангини ширини рахна кардан мушкил аст
Варна пеши тешаи Фарҳод , хоро нозук аст
Чун ба даст худ наризад хӯни худро кӯҳкан ?
Кор душворасту табъи корфармо нозук аст
Дар гузар эй ақл аз ҳамроҳии девонагон
Хори ин саҳроаст алмос ва туро по нозук аст
Домани пар санг медонад ҳубоби бода ро
Бас ки аз равшани равонии шишаи мо нозук аст
Рӯ ба саҳро кард агар маҷнӯни зи ҳӣ узраш баҷост
Сояи Лайлии гарону табъи савдо нозук аст
Мӯшикофонро саросари мӯии оташ дида кард
Гӯшаи абрӯӣ ӯро бас ки ?има нозук аст
Бар намедорад ду рангии машраби икрнги ишқ
Чун ҳубоб аз об киштӣ кун ки дарё нозук аст
Нест соиби мӯшикофӣ дар бисоти рӯзгор
Варна чун мӯии камари андешаи мо нозук аст