Чашми хоби олӯдагон дар интизор манзил аст

Дидаи бедори дили ойӣнаи дор манзил аст

Дар биёбоне ки наъли шавқи мо дар оташ аст

Каъба чун санги фалохан беқарор манзил аст

Дар фалохан мегузорад раҳравонро каҷрави

Ҷодаро аз ростии сар дар канор манзил аст

Шавқро тоб иқомат нест дар як ҷои ду рӯз

Варна нақши пои ман ойӣнаи дор манзил аст

Гарчи ҳар хории дарин водӣ ба хӯнам ташна аст

Ончӣ дар дил раҳ надорад хорхор манзил аст

Ман ки худро ёфтам дар водии саргаштагӣ

Кӯҳи ғам бар хотирам аз раҳгузор манзил аст

Сар ба сҳрододгонро каъба домангир нест

Дӯши коҳили тинатон дар зери бор манзил аст