Дар фишори дил , сари дасти нигорин золим аст

Дар ҳалоки бигноҳони теғи хунин золим аст

Гарчи аз зангори хати теғ нигоҳаш кунад шуд

Ҳамчунон мижгони он ғоратгари дайн золим аст

Мушкиласт аз чашми гирои ту дил бардоштан

Панҷаи мижгони дарозу хоби сангин золим аст

намекунад дасти ҳимояти нотавононро қавӣ

Ҷурм рухсораст агар он зулфи парчин золим аст

Кӯтаҳи андешӣ ки созад дасти мансӯбони дароз

Дар ҳақиқат нест як золим , ки чандин золим аст

Калаки соиб безабон дар арзи ҳол афтода аст

Варна дар сайди маъонии ҳамчуи шоҳин золим аст