Ҳастӣ дунёии фонии интизор мурдан аст
Тарк ҳастӣ зи интизори нестӣ ворстн аст
Талхии марг табиӣ нест ҷузи тарки худӣ
Бихўдии ин заҳрро бар худ гуворо кардан аст
Ком дил натавон гирифтан аз ҷаҳон бе рӯй сахт
Оташ овардани бурун аз санг , кор оҳан аст
Ҷилва ҳо дорад ба чашми хокёни дунёии дун
Худнамоеи зарраи ночизро дар равзан аст
Каъбаи ҷӯёни заҳмати шабгири биҷо май кашанд
Чораи кӯтоҳии ин раҳ ба худ печидан аст
Аз шикояти рахна дил мешавад носўртр
Бахяи ин захм , дандон бар ҷигар афшурдан аст
Бодаи гулранг хӯрдан дар канори лолаи зор
Бар сари хоки шаҳидони шамъи равшан кардан аст
Барг сабзӣ нест гардунро ки заҳролӯд нест
Рӯзӣ беминнат ин хон , дили худ хӯрдан аст
Бедил равшан надорад нури огоҳии ҳавос
Дил чу нӯронӣаст ҳар мӯеи чароғ равшан аст
Ҳар касе онҷост аз олам ки мебошад дилаш
Булбули мо дар қафас чун ғунча гардад гулшан аст
Пеши ғофили корвони умр чун реги равон
Май намояди сокин , аммо рӯзу шаб дар рафтан аст
Маргро хонд ба худ бонги хурӯс бе маҳал
Ҳар ки биҷо ҳарф мегуяд сазоӣ куштан аст
Тангдастонро зи қайди ҷисми берун омадан
Роҳравро кафши танг аз пои берун кардан аст
Пеши чархи оҳанӣни дил , арзи дарди хештан
Ҳалқаи дигар ба занҷири ҷунун афзудан аст
Аз нифоқи дӯстон , душман гуворо ме шавад
Марҳами хорӣ ки рӯи пинҳони намояд сӯзан аст
Аз тани худ ҷома кун чун сарви доим сабз бош
Фоли урёнии либоси орият пӯшидан аст
Доғи ъолмсўзи моро нохунӣ дар кор нест
Оташи хуршеди соиб бениёз аз доман аст