Дар таъаллуқи кӯҳи оҳан дар шумор сӯзан аст

Дар таҷарруди сӯзании ҳамсанги кӯҳ оҳан аст

Пок кун дилро , з даст андоз чархи осӯдаи шӯ

То буд дар тухми ғаш , сар гашта прўизн аст

Поки гавҳарро набошад рӯзӣ аз хоки ватан

Санги бандад бар шиками ёқӯт то дар маъдан аст

То лаби ноне ба дасти орм чаҳ хӯнҳо ме хӯрам

Дасти кӯтаҳро танури ризқи чоҳ бежан аст

Гуфтугӯии ишқро аз ақли пинҳони доштан

Розро оҳистаи пеши гӯши сангин гуфтан аст

Дил дар озораст то бо ақлу ҳуш омехта аст

Шуъла фарёдӣаст то обу намак дар равған аст

Чун нагирад оҳро дил дар фазои осмон ?

Дӯзахи дӯди сбкрў , хона беравзан аст

Ақли суст аз пардаи номӯс чун ояд бурун ?

Пой хоб олудро сади Сикандар доман аст

Бар ғубори дидаи мо остин хоҳад кашид

Он ки як равшангар ӯ накҳат пероҳан аст

Риштаи пайванди бугсал аз сипеҳри танги чашм

Уқда меуфтад ба кори ришта то бо сӯзан аст

Рӯзгор аз нутфаи мардони ақим афтода аст

Мардум аз баҳр чаҳ мегӯйанд шаб обистанаст ?

Ризқ бекӯшиш намеояд ба каф , ҳарфаст ин

Ним ноне мерасад то ним ҷонӣ дар тан аст

Субҳ каз хӯни сабоҳат рӯй худро шаста аст

Доғи он чоки гиребону баёз гардан аст

Ин ғазалро аз ҳаким ғазнавӣ бишинав тамом

То бадонеи нутқи соиби пеши нутқаш алкн аст