Тан чун шуд аз захми ҷавҳардор , ҳсн оҳан аст

Дили мушаббак чун шуд аз пайкон , дуоӣ ҷавшан аст

Дасти холӣ дар муҳӣти мояи дор ишқ нест

Ҳар ҳубоб ӯ ба гавҳар чун садаф обистан аст

Ҳар ки тарк тан накард аз зиндагонӣ барнахурад

Роҳатӣ гар ҳаст кафши тангро дар кандан аст

Нури ишқ аз раҳгузор доғ меуфтад ба дил

Хонаи дарбастаи дилро ҳамин як равзан аст

Нақши пои ҳамроҳи раҳрав гар набошад гӯ мабош

Мо ба зоҳиргар замин гирем , дил дар рафтан аст

намекунад кори шароби талх , об бе лаҷом

Ин сухан аз мастии арбоби давлат равшан аст

Нафаси саркаш чун ғанӣ шуд роҳро гум ме кунад

Тангдастӣ дар ҳақиқати роизи ин тавсан аст

Хӯшаи чин аз трктози ҳодисот осӯда аст

Барқи ъолмсўзи доим дар камӣн хирман аст

Нолаи мазлӯм дар золим сироят ме кунад

Зини сабаб дар хонаи занҷири доим шеван аст

Сояи хуршед камтар мешавад вақти завол

Танггирӣ аҳли давлатро далел рафтан аст

Тири каҷро орзӯии сайр расво ме кунад

Пардаи пӯши пой хоб олуд тараф доман аст

Гӯшагирӣ об ҳайвонаст бахти сабз ро

Эмин аз мурдан буд фирӯза то дар маъдан аст

Зери по ҳаргиз набинам дар сафар чун гирдбод

Чашм ҳайронӣаст ҳар чоҳӣ ки дар роҳ ман аст

Заҳри дунё гарчи кам мегардад аз трёқи ақл

Беҳтарини афсуни мор аз дасти худ афкандан аст

Танагӣ аз гардуни зи ноҳамвории худ май кашӣ

Риштаи ҳамворро ҷавлон ба чашм сӯзан аст

Оқилонро дар замини донаи сӯзи рӯзгор

Беҳтарини тухмӣ ки афшонанд , даст афшодан аст

Бихўдӣ дорад ба рӯй дасти худ чун гули маро

Вар на хори ин биёбони ташнаи хӯн ман аст

Фориғами соиби зи найранги хазону навбаҳор

Ман ки чун ойӣнаи боғи длгшоим гулхан аст