Тундхуе бо хилоиқ , меҳрро кин кардан аст
Офаринро дар даҳони халқи нафрин кардан аст
Шодии мо ғофилон дар зери чархи сангдил
Хандаи Кебеки мастро дар чанги шоҳин кардан аст
Лаб ба шукри хандаи во кардан дарин бстонсро
Хӯни худ чун гули ҳалоли дасти гулчин кардан аст
Орзӯро маҳв аз дилҳои сангини сохтан
Бесутунро сода аз тимсоли ширин кардан аст
Ғофил аз риҳлати дарин ҷисми сабки ҷавлон шудан
Фикри хоби офиятро хонаи зин кардан аст
Гуфтугӯии ошиқӣ бо зоҳидии дили сиёҳ
Аз сияҳи мағзӣ , ба хӯни мурдаи талқин кардан аст
Ҳосили хоки муроди кишвари Ҳиндӯстон
Номродони ватанро коми ширин кардан аст
Мустамеъро дил ба доғ бешуъӯрӣ сӯхтан
Шеъри худ нохонда бе тобонаи таҳсин кардан аст
Ҳаст эксирӣ агар соиби дарин ибрати саро
Рӯй сурхи хешро аз дарди заррин кардан аст