Хандаи рӯеи миҳмонро гул ба ҷайб афшодан аст

Танги халқии кафши пеши пои меҳмон мондан аст

Аз сироти алмстқими шаръи пӯшидани назар

Бо ду чашми баста танҳо дар биёбон мондан аст

Бар забони густох рондани ҳарфи наздикони ҳақ

Аз қасовати теғ бар сайди ҳарам хобондан аст

Нест ғайр аз рахнаи дили орифонро қибла Эй

Рӯй гардондани зи дил , аз қиблаи рӯ гардондан аст

Ҳаст агар арбоби давлатро либоси фахриӣ

Аз гуноҳи зери дастони чашми худ пӯшондан аст

Аз ҷавоби хушк , чӯби манъи даравишон шудан

Давлати нохондаро аз даргаи худ рондан аст

Дар маҷолиси ҳарфи сргўшӣ задан бо икдгр

Дар замини синаҳо тухми нифоқ афшодан аст

Аз таловат ончӣ меояд ба кори омилон

Дафтари аъмоли худро пой то сар хондан аст

Бар гронхўобони давлати арз кардани ҳоли хеш

Номаро дар рахнаи девори нисён мондан аст

Нест дар сангини дилони соиби насиҳатро асар

Теғ бар хоро задани бозуии худ рнҷондн аст