Дил чу киштӣ , ҷони равшани олами об ман аст

Бодбону лангараши бедорӣу хоб ман аст

Аз фурӯғи орият покаст ваҳдат хона ам

Зардии рухсораи ман шамъи миҳроб ман аст

Собиту сайёраи гардуни ман ашкасту доғ

Оҳи сардӣ каз ҷигар бархест маҳтоб ман аст

Бӯрё каз хушки мағзии хоби мардум талх азуаст

Мавҷи дарёии ҳаловат аз шукри хоб ман аст

Нест чун хоби гарон , сомони худдории маро

Гар ҳамаи як қатра обаст , сайлоб ман аст

Боис маҳрӯмем қурбаст монанди ҳубоб

Айни дарёи пардаи чашми гронхўоб ман аст

Беқарориҳои ман дар гирд дорад чарх ро

Ҷунбиши ин шишаҳо аз ҷӯши симоб ман аст

Аз танури хок чун тӯфон бурунам ме кашад

Шӯришӣ каз шавқ ӯ дар ҷон бетоб ман аст

Оташӣ каз шавқ ӯ соиби маро дар зер пост

Хори саҳрои маломати фарши санҷоб ман аст