Ҳар чаҳ дорад дар хами сарбастаи гардун аз ман аст

Май ба ҳикмат мехӯрам , ҷои Флотўн аз ман аст

То хам май дар замин хонаам дар хок ҳаст

Ъушрат рӯй замин бо ганҷи қорун аз ман аст

Нест чун анқои зи ман ҷузи номи чизе дар миён

Худ парастиш мекунад худроу мамнӯн аз ман аст

Аз талоши қурби зоҳир бо хаёлаши фориғам

Лафз аз ҳар кас ки хоҳад бош , мазмун аз ман аст

Хилват андешаам чун ғунчаи лабрез гул аст

Хор девораст ҳар нақшӣ ки берун аз ман аст

Бодаи пари зӯр дар мино сироят ме кунад

Ин ки пероҳани дард ҳар субҳи гардун аз ман аст

Аҳл маънӣ мезананд аз ғайрати ман печу тоб

Мисраиро мекунадгар сарви мавзун аз ман аст

Бо ҷунуни шаҳрии ман барнаме ояд касе

Дар биёбони ин чунин саргаштаи маҷнӯн аз ман аст

Буи хӯн меояд аз теғи забони булбулон

Варна мегуфтам ки рӯй боғи гулгун аз ман аст

Май занами нақш дигар бар об дар ҳар дам задан

Ранги дарёии сухани соиби дигаргун аз ман аст