Гиряи мастонаи ман аз хумор чашм туаст
Оҳи ман аз серумаи дунболаи дор чашм туаст
На ҳамин саргашта дорад гардиши чашмати маро
Чун сафи мижгони ду олам беқарор чашм туаст
Шӯхи чашмон аз ту мегиранд таълими нигоҳ
Гардани оҳӯи баланд аз интизор чашм туаст
Гарчи шаҳбози назар бастааст аз шарму ҳаё
Ҳар куҷо бошад назарбозӣ , шикор чашм туаст
Аз сиёҳии лашкар шоҳон намедорад гзир
Варна чашми оҳӯон кӣ дар шумор чашм туаст ?
Гарчи муҳтоҷ муаллим нест он бидодгар
Фитна бо чандини забони омӯзгор чашм туаст
Дар сияҳи дил дар намегирад фусуни дӯстӣ
Душман хешаст ҳар каси дӯстдор чашм туаст
Дили зи мардуми бурдан ва худро ба хоб андохтан
Шеваи мижгони айёру шиор чашм туаст
Ноз бо он бедимоғӣ аз парасторон ӯ
Фитна бо он бе қарории хонаи дор чашм туаст
Аз сиёҳӣ аз чаҳ афкандааст бар оризи ниқоб ?
Гар на оби зиндагӣ дар чашмасор чашм туаст
Гарчи аз шухӣ нагирад як нафаси як ҷои қарор
Нози оламро ҳамон сар дар канор чашм туаст
Ҳар киро бошад дилӣ , мечӣанд аз чашми ту дард
Ҳар куҷои нозӣ буд , бемордор чашм туаст
Фитна бедор бошад сабзаи хобида аш
Сина ҳар кас ки саҳрои шикор чашм туаст
Шодам аз саргаштагӣ каз кокулат дорад нишон
Хўшдл аз беморем кони ёдгор чашм туаст
Чун буд дар лағзиши мастонаи моро ихтиёр ?
Сайри мо аз гардиш беихтиёр чашм туаст
Ман ним ғаммоз , аммо рӯзи торики маро
Ҳар ки бинад бесухан донад ки кор чашм туаст
Гарчи ҳаст аз даври гардони соиб бе эътибор
Мастии дунболаи дораш аз хумор чашм туаст