Боз аз маъмураи дилҳо фиғон бархеста аст

Чашми махмур ки аз хоби гарон сохтааст ?

Ончии гирди ориз ӯ менамояд нест хат

Фитнаҳо аз домани охири замон бархеста аст

Чун ҳадаф , гарданкашонро мекашад дар хоку хӯн

Ин раги абрӣ ки аз баҳри камон бархеста аст

Ҳиммат мо нест чун сарву санавбари хоксор

Ин ниҳол аз ҷӯйбори каҳкашон бархеста аст

Ҳаст агар осоишии зери фалак , дар ғифлат аст

Вой бар он кас каз ин хоби гарон бархеста аст

Бар замин ноед зи шодии поиш аз табли раҳил

Ҳар сбксирӣ ки пеш аз корвон бархеста аст

То ғизоли чашм ту гардӣда аз май шери гир

Мӯӣ бар тани шерро аз Нитсаатон бархеста аст

Сайди мо афтодагонро ҳоҷат тамҳид нест

То тавваҷуҳ кардае , гирд аз нишон бархеста аст

Аз зуҳӯри ишқ , олами як дили равшан шуда аст

Эҳтиёҷ аз раҳбару санги нишон бархеста аст

Рӯзу шаб чун хӯнён дорам ба зери теғи ҷой

То маро банд хамӯшӣ аз забон бархеста аст

Гули тамом оғӯш гардӣдааст , пиндорӣ ки боз

Мурғ беболу парӣ аз ошён бархеста аст

Аз сбкрўҳони асар дар хокдон даҳр нест

Корвони шабнам аз реги равон бархеста аст

Фориғ аз иқбол ва осӯдааст аз идбори чарх

Ҳар ки соиб аз сари суду зиён бархеста аст