Токи болои дасти ман байъат ба тӯбо баста аст
Хӯшаам ақди ухувват бо сурайё баста аст
Дар таҷарруд , риштаи ворӣ аз таъаллуқ саҳл нест
Сади оҳани сӯзанӣ дар роҳи исо баста аст
Ҷанг дорад гӯшагирӣу баланди овозагӣ
Тӯҳмати азлат ба худ беҳудаи анқо баста аст
Шӯри маҳшари суҳбати моро наме пошади зи ҳам
Мавҷ май шерозаи ҷамъияти мо баста аст
Наъли ҳирсаш аз тараддуди рӯзу шаб дар оташ аст
Ҳар ки чун хуршеди соиби дил ба дунё баста аст