Чашми мо пӯшида аз хоб парешон гашта аст

Аз ҳуҷуми сунбули ин сарчашма пинҳон гашта аст

То чаҳ бошад нӯшханди он ақиқи обдор

Каз ҷавоби хушк бар ман об ҳайвон гашта аст

Гар гшоиндши раги ҷавҳар , нагардад бо хабар

Бас ки бар рухсор ӯ ойӣна ҳайрон гашта аст

Аз нишоти дардмандӣ , дрмндони туро

Устихон чун бастаи зери пӯст хандон гашта аст

Гарчи бошад лайлаи алқдри он хати мишкӣни маро

Субҳи рухсори турои шом ғарибон гашта аст

Гар занад бо чашми шӯхаши лофи ҳамчашмии ғизол

наметавон бахшед , мискин дар биёбон гаштааст !

Дар мазоқаши хӯни дил хӯрдан гуворо ме шавад

Бар сар хон фалак ҳар кас ки мҳсон гашта аст

Гӯша дилтанге дорам ки чашми танги мӯр

Пеши чашмами арсаи малик сулаймон гашта аст

Гӯии заррини саодат дар хам чавгон ӯст

Қомат ҳар каси зи бори дард чавгон гашта аст

Нўхти мо гар надорад раҳм дар дил , давр нест

Чанд рӯзӣ шуд ки ин кофар мусулмон гашта аст

Нест соиби покдомонӣ ба ҷузи оби равон

Шабнами ман борҳо бар ин гулистон гашта аст