Лаъли нисбат бо лаби ёқӯт ӯ биҷодаҳ аст
Субҳ бо он чеҳраи хандон дар накушода аст
Дашт аз чашми ғизолони синаи пар доғ ӯст
Он ки мо девонагонро сар ба саҳро дода аст
Ҳосили умр аз ҳузури дӯстони гул чидан аст
Варна обу дона дар кунҷи қафас омода аст
Ишқи муҳтоҷи далелу раҳнамо чун ақл нест
Хизр дар қатъи биёбон бениёз аз ҷода аст
намекунад дар хонаи худ сайри саҳрои биҳишт
Сина ҳар кас ки аз хори таманно сода аст
Ҳар ки гардонид аз дунёи раҳзан рӯй хеш
Бе тараддуди пушт бар девор манзил дода аст
Гирди зулмат шастааст аз рӯй оби зиндагӣ
Ҳар сиррӣ каз сояи боли ҳумо озода аст
Сардии даврон ба мо даст ва дилӣ нагузошта аст
Дар хазони ашҷорро барги сафар омода аст
Ахтар бе толеъи мо дар бисоти осмон
Хол мавзунӣаст бар рухсори зишт афтода аст
Синаи мо соиб аз худ медиҳад беруни гуҳар
Пеши Нитсаон ин садафи ҳаргиз даҳан накушода аст