То ба фикри гӯшвори он симбр афтода аст
Печу тоби ришта дар ҷони гуҳар афтода аст
Риштаи сар дар гуми ҷонро ба даст оварда аст
Дида ҳар кас бар он мӯии камар афтода аст
Ҳаст чун тасбеҳ дар ҳар риштааш сддли гиреҳ
Бас ки дар зулфи ту дил бар икдгр афтода аст
Гарчи пеши афтода дар зоҳир , вале рӯ бар қафост
Роҳи паймое ки пеш аз роҳбар афтода аст
Парда хобаш кунад дар чашми кори бодбон
Ҳар киро бар соҳил аз дарёи назар афтода аст
Май кашам чун беди маҷнӯни хиҷлат аз бе ҳосилӣ
Ман ки пеш аз соя бар хоками самар афтода аст
Киштии мағрури ман аз миннати хушки канор
Дар каманди ваҳдат аз мавҷи хатар афтода аст
Гавҳар шҳўор меояд ба ғаввосӣ ба даст
По ба доман чун кашам , корам ба сар афтода аст
Барқ ъолмсўз бошад лозими абри сиёҳ
Оташам дар хирман аз домонтар афтода аст
Ҳамчунон ғофили зи маргам , гарчи аз мӯии сифед
Дар раги ҷони раъша чун шамъи саҳар афтода аст
Гарчи бошад дар замири хоки соиби масканаш
Аз қаноати мӯр дар танги шукр афтода аст