Рӯзгорами тирау бахтами сиёҳ афтода аст

Гул ба чашми равзанам аз меҳру моҳ афтода аст

Субҳи маҳшар сар заду тухми умедами сар назд

Дар чаҳ соъат ёрб ин Юсуф ба чоҳ афтодааст ?

Фурсати хоридн сар нест мижгони маро

То сару корам ба он ошиқи нигоҳ афтода аст

Аз хати алмосии он чеҳра лаълӣ мапурс

Барқ дар ҷонами азин заррини гиёҳ афтода аст

Дар шикасти болу пар маъзӯр медорад маро

Дида ҳар кас бар он тарафи кулоҳ афтода аст

Огаҳаст аз беқарориҳои мо дар даври хат

Кор ҳар кас бо чароғи субҳгоҳ афтода аст

Ҳар сари мӯии ҳавоси ман ба роҳӣ ме равад

То ба он зулфи парешонами нигоҳ афтода аст

Дуздро дунбол рафтан , ҷон ба ғорат додан аст

Дили абаси дунболи он зулфи сиёҳ афтода аст

То назар во кардаам чун шамъ дар базми вуҷӯд

Гиря эй аз ҳар сар мӯем ба роҳ афтода аст

Нест ҷоми бодаро дар гардиши худ ихтиёр

Чашм ӯ дар бурдани дили бигноаҳ афтода аст

Дар паноҳ даст дорам зиндаи шамъи оҳ ро

Чун кунам , вайронаи дил бепаноҳ афтода аст

Аз занхдони ту дилро нест умеди наҷот

Далви мо дар соъати сангин ба чоҳ афтода аст

Нест соиби хокёнро зарфи ҷурми бекарон

Варна афви эзадии ошиқи гуноҳ афтода аст