Он ки базми ғайрро аз хандаи пар гул карда аст
Хотири моро парешонтар з сунбул карда аст
Ман надорам толеъ аз мақсӯд , варна борҳо
Гули зи мастии такя бар зонуӣ булбул карда аст
Ин чаҳ рухсораст , гуё чеҳраи пардози баҳор
Обу ранги сад чаманро сарфи як гул карда аст
Ҷавҳари мо аз парешоне намеояд ба чашм
Аз назари ин чашмаро пӯшида сунбул карда аст
Саркашӣ магузор аз сар то нагардӣ поймол
Каз тавозуъи хасм кам фурсати маро пул карда аст
Нест пурвои ситами моро ки ҷони сахти мо
Хӯни олам дар дили теғ тағофул карда аст
Соиб аз афтодагӣ магзар ки абри навбаҳор
Қатраро гавҳар ба эксир таназзул карда аст