Халқ , душвори ҷаҳонро бар ман осон карда аст
Тозаи рӯе бар ман оташро гулистон карда аст
Ҷамъ агар аз бастан лаб шуд дили ман , давр нест
Хомшӣ бисёр азин сӣ пора қуръон карда аст
Лангари таслим пайдо кун ки баҳри ҳақи шинос
Борҳои мавҷи хатарро мад эҳсон карда аст
Ҷабҳаи вокрдаҳи мо аз маломат фориғ аст
Хандаҳо бар теғи ин захм намоён карда аст
Фикри обу донаи ман бетараддуд ме кунад
Он ки зери болро бар ман гулистон карда аст
Сунбули фирдавс дар чашмаш буд мӯии зиёд
Хоб ҳар касро хаёл ӯ парешон карда аст
Бар хати таслими сар на , кин раҳи торик ро
Нақши пои гарми рафторон чироғон карда аст
Нақши пои рафтагон ҳамвор созад роҳ ро
Маргро доғи азизон бар ман осон карда аст
Ҳарфи сахти оқилони девонаро бар ҳам шикаст
То куҷои паҳлуи тиҳӣ аз санг Тифлон кардааст ?
Гардад аз дасти навозиши пояи маънии баланд
Мӯрро ширини сухани даст сулаймон карда аст
Покии домони Марями шҳпри исо шуда аст
Ҳамдами хуршед , шабнамро гулистон карда аст
Каъбаро чун маҳмили Лайлии мукаррари шавқ ӯ
Ҳамсафар бо гирдбоди барқ ҷавлон карда аст
Пистаро ҳар чанд мардум дар шукр пинҳон кунанд
Он лаби нўхт , шукр дар писта пинҳон карда аст
Пеши он чашми сияҳ дил мегузорад пушти даст
Гарчи хат бисёр азин кофар мусулмон карда аст
Дидаи қурбониёни чашм сухангӯ гашта аст
Бас ки мардумро тамошои ту ҳайрон карда аст
Гирди тӯҳмат пок хоҳад кард соиб аз Рахш
Домани покӣ ки Юсуфро ба зиндон карда аст