Кардаам бар худ гуворои талхии дашном ро
Дидаам дар айни нокомии ҷамоли ком ро
Интиқоми ҳарзаи гӯйонро ба хомӯшии гузор
Теғ мегуяд ҷавоби мурғ беҳангом ро
Коми худ ширин агар хоҳӣ , ба ком халқ бош
Талх бошад коми доими мардуми ноком ро
Нақши муму шуълаи ҳаргиз рост нанишинад ба ҳам
Рӯй аз фӯлод бояд силии айём ро
Лаъли серобаши закоти бӯса берун ме кунад
Кист то орад ба ёдаши соиби гумномро ?