Осмон аз шӯри дилҳои кабоб осӯда аст
Кӯҳи тамкини хам аз ҷӯши шароб осӯда аст
Субҳи маҳшар бе сабаби моро ба девон ме кашад
Худ ҳисоб аз пурсиши рӯзи ҳисоб осӯда аст
Дил насузад ишқро бар гиряҳои оташин
Оташ аз ашки ҷигари сӯзи кабоб осӯда аст
Ишқро пурвои чашми ъибҷўӣ нақл нест
Аз газанди чашми хафоаш , офтоб осӯда аст
Бо тиҳӣ чашмон надорад изтироби ишқи кор
Аз паридани ҳалқаи чашми рикоб осӯда аст
Аз хаёл осӯда гардад дидаи арбоби фикр
Дидаи асҳоби ғифлатгар зи хоб осӯда аст
Куҳнаи авроқи дили мо қобил тартиб нест
Аз ғами шероза кардан ин китоб осӯда аст
Ҳар ки моро эмин аз бедод гардун дид , гуфт
Ин ҳаворо байн ки дар қасри ҳубоб осӯда аст
Дар шабистонӣ ки ман маҳв таҷаллӣ гашта ам
Набзи симобаши зи мавҷи изтироб осӯда аст
Кори хор по кунад зар дар кафи дарёи дилон
Чун надорад гавҳарӣ дар кафи саҳоб осӯда аст
Нест ҳоҷати ҳасани зотиро ба холи оризӣ
Ин ғазали соиби зи доғи интихоб осӯда аст