Дӯстиҳои ҷаҳон бо риюу ранг олӯда аст
Шаҳди ин макор бо чандини шрнг олӯда аст
Доман аз хӯни шаҳидон чидан аз инсоф нест
Каз шафақи хуршеди ҳам доман ба ранг олӯда аст
Саъй кун номии дарин олам ба гумномӣ барор
Варна ҳар номӣ ки ҳаст ӣнҷо ба нанг олӯда аст
Бодаи мамзуҷ май бояд дили бемор ро
Созгори табъи ошиқи сулҳи ҷанг олӯда аст
Духтари рузро макун зинҳори соҳиби ихтиёр
Кин сияҳи рӯи номи мардонро ба нанг олӯда аст
Бар сар ҷӯшаст дигари хӯни ҳашари интиқом
То ки аз хӯни заъифони бози чанг олӯдааст ?
Аз хаданг ӯ чаро дил мекунад паҳлуи тиҳӣ ?
Гарна аз хӯни рақибони он хаданг олӯда аст
Ҷӯад бе миннати мҷу аз кас ки хуршеди баланд
Аз фурӯғи худ ба хӯни рухсори санг олӯда аст
Бе шафақи ҳаргизи бисоти чарх хашм олуд нест
Доим аз хӯни чангу дандони паланг олӯда аст
Кӣ дили битобро монеъи з рафтан мешавад ?
Ваъдаи сулҳӣ ки бо сад узри ланг олӯда аст
Ошиқони соиби балои гардон маъшӯқ худанд
Зини сабаби болу пари тӯтӣ ба занг олӯда аст