Шавкати ҳасани ту булбулро забон печида аст
Ҳайрати сарви ту дасти боғбон печида аст
Дар лаби паймонаи пар май намегунҷад садо
Дар дили пари хӯни ошиқ чун фиғон печидааст ?
Доғ , дасти улфат аз домони барг лола дошт
Дар сари мо дӯди савдо ҳамчунон печида аст
Ҳасани маъшӯқ ҳақиқӣ нест дар банди ниқоб
Дасти мижгони турои хоби гарон печида аст
Чун сиришки ошиқон манзил намедонад ки чист
Ҷазбаи шавқ ки дар реги равон печидааст ?
Норасоӣ дар каманди печу тоб ақл нест
Мисраи занҷири мо сўдоиён печида аст
Лолаи рухсорӣ ки моро ғӯта дар хӯн дода аст
Ғунча аз дилбастагони як забон печида аст
Душман аз мо чун ҳаросад , сайд аз мо чун Ромад ?
Новаки тадбири мо беш аз камон печида аст
Сар ба саҳро дод ҳашари осӯдагони хок ро
Фикр ӯ дар кунҷи моро ҳамчунон печида аст
Бетаъаммул магзар аз мактуби мо соиб ки шавқ
Дар дил ҳар нуқтае сад достон печида аст