Рутбаи озодагӣ дар бандагӣ пӯшида аст

Пилаи миъроҷ дар афкандагӣ пӯшида аст

Абри раҳматро кунад ашки надомати моя ( дор )

Обрӯии афв дар шармандагӣ пӯшида аст

Нили чашми захм май бояд дили озода (ро )

Хати озодӣ ба доғи бандагӣ пӯшида аст

Чеҳраи моҳ аз тамаъи доғ клФ дорад мудом

Рӯсиёҳии ҷумла дар гӣрандагӣ пӯшида аст

Барқро ҳар чанд натавон кард пинҳони зери абр

Дар саводи чашм ӯ бозиндагӣ пӯшида аст

Бӯса дар лаъли лаби сероби он ҷони ҷаҳон

Ҳамчуи ҷони бахше дар оби зиндагӣ пӯшида аст

Дидани доғи азизони лозим пояндагӣ аст

Рӯй ин зулмат ба оби зиндагӣ пӯшида аст

Дар камӣнгоҳ хамӯшӣ ме тавон дарёфтан

Ончӣ аз офот дар гӯяндагӣ пӯшида аст

Бе рафиқони об хӯрдан медиҳад хиҷлати самар

Хизрро аз дидаҳо шармандагӣ пӯшида аст

Давлату пояндагӣ бо ҳам намегирданд ҷамъ

Бар Сикандари чашмасор ( зиндагӣ ) пӯшида аст

Рӯй худро баъди мурдани соиб аз шарми гуноҳ

Дар ниқоби хок аз шармандагӣ пӯшида аст