Ин ки рӯзӣ бетараддуд мерасад афсона аст

Панҷаи кӯшиши калиди ризқро дандона аст

Бо ҳазорон уқдаи мушкили дарин бустон чу сарв

Дастро бар ҳам ниҳодани сахт бедурдона аст

Ҳеҷ кас дар поя худ нест камтар аз касе

Ганҷ дорад зери пар то ҷғд дар вайрона аст

Ғифлати арбоби давлатро сабаб дар кор нест

Дар баҳорони хобҳо мустағнӣ аз афсона аст

Гуфтугӯ бо ҷоҳилон беадаб аз ақл нест

Ҳар ки мегардад тараф бо кӯдакон , девона аст

Зуди гардуни комҷўёнро зи сар во ме кунад

Чун фузул афтод меҳмон , бор соҳибхона аст

Рӯй шарм олуд аз худ об барме оварад

Бодаи гулранги ӣнҷои шабнам бегона аст

Дидаи ҳақ байн нагардад рӯзӣ ҳар худпараст

Варна хирманҳои олами ҷумла аз як дона аст

Ҳосилаш аз ризқи ғайр аз гардиш беҳуда нест

Асия ҳар чанд мустағриқ дар об ва дона аст

Матлаб аз сайри гулистони тнгдл гардидан аст

Варна боғи длгшои мо дарун хона аст

Дар гулистонӣ ки миробаст чашми булбулон

Боғбони бекортар аз сабза бегона аст

Кори мо аз панҷа тадбир мегардад гиреҳ

Гарчи умеди гушоиши зулфро аз шона аст

Соиб аз май биғмони шодӣ таваққуъ ме кунанд

Дардмандонро назар бар гиря мастона аст