Шавқи дили дигар ба оби теғи мижгон ташна аст

Оташи хокстролўдм ба домон ташна аст

Чашмасор Хизрро заҳмати мадае боғбон

Хоки ин гулшан ба хӯни андалебон ташна аст

Аз тароват гарчи об аз ориз ӯ ме чакад

Сабзаи хаташ ба хўнризи шаҳидон ташна аст

Чанд аз оби хиҷолати тоза рӯ бошад касе ?

Гул ба хӯни худ дар он чоки гиребон ташна аст

Буд то дар базми як ҳушёр , соқӣ ме нахурд

Боғбон обӣ нанӯшад то гулистон ташна аст