Шуд чу оламгири ғифлат , ҷоҳилу доно яке аст

Хона чун торик шуд биноу нобӣно яке аст

Нест маҷнӯнро зи шӯри ишқи пурвои тамиз

Гирдбоду маҳмили Лайлии дарин саҳро яке аст

Нест тадбири хирадро дар ҷаҳони ишқи кор

Нохудоу таҳтаи киштии дарин дарё яке аст

зи ихтилофи зарф , гӯногӯни намояди ранг май

Варна дар майхонаи ваҳдат май ҳмро яке аст

Мо нафас беҳуда месӯзем дар оҳу фиғон

Саркашӣу аҷзи пеши ҳасан бепарво яке аст

Гӯшаи гироннди пеш кӯтаҳандишон сабк

Варна шани кӯҳи қофу шавкати анқо яке аст

Оҳи мо рънотрст аз оҳи мотами дидагон

Ончунон каз ҷумлаи шабҳо шаби ялдо яке аст

Ғофилон аз коҳилии имрӯзро фардо кунанд

Варна пеши худ ҳисоби имрӯз бо фардо яке аст

Нест садру остонии хонаи ойӣна ро

Хору гулро ҷой дар чашму дили бино яке аст

Ихтилофи ранг , гулро брнёрди зи иттиҳод

Бо ду рангии пеши икрнгони гули раъно яке аст

Шқ кунанд аз теғи соибгар сари мо чун қалам

Срнмӣ печем аз тавҳид , ҳарфи мо яке аст