Роҳати кунин дар зери сар бегонагӣ аст
Ҳаст агар дороломонии кишвар бегонагӣ аст
Аз риёзи ошнои хотири хуррами мҷўӣ
Ин гул бехор дар бум ва бар бегонагӣ аст
Ошноӣ ҳар нафас дорад хумори тоза Эй
Бода бедардисар дар соғар бегонагӣ аст
Обу равғанро ба ҳам пайванд додан мушкил аст
Ошноиҳои бе нисбати сар бегонагӣ аст
То зи худ бегонаи гаштам , рустам аз қайди фалак
Рахнае гар дорад ин зиндон , дар бегонагӣ аст
Мавҷро саргашта дорад ошноиҳои баҳр
Пушти мо бар кафи қоф аз лангар бегонагӣ аст
Қатъи пайванди ҷаҳон бо ошноӣ мушкил аст
Ин буриш дар теғи соҳиби ҷавҳар бегонагӣ аст
Дил чу бо ҳам ошно афтод гӯ дидан мабош
Дидаи фарди ботилӣ аз дафтар бегонагӣ аст
Фориғанд аз ошнои ошноёни азал
Ошноиҳои расмии масдар бегонагӣ аст
Дар китоби ошнои маънӣ бегона нест
Ин ҳадиси ошно дар дафтар бегонагӣ аст
наме тавон маъшӯқро аз роҳи ваҳшат ром кард
Ин май зуди ошно дар соғар бегонагӣ аст
Ошноёни муҳаббати манъманд аз дарду доғ
Сина бедоғ , соиби маҳзар бегонагӣ аст