Хок бо ин рутбаи тамкин , ҷаноб одамӣ аст
Чарх бо он шану шавкат дар рикоб одамӣ аст
Ҳар ҷамолиро ниқобӣ , ҳар гулиро ғунча Эй аст
Пардаи занбӯрии гардун , ниқоб одамӣ аст
Нест дар маҷмӯъаи афлок бо он тӯлу арз
Аз ҳақоиқи ончии мусбат дар китоб одамӣ аст
Ншأаҳи ишқи илоҳиро ба инсон дода анд
Гардиши ин на хам аз ҷӯши шароб одамӣ аст
Шоҳиди фарзандии одам на танҳо сӯрат аст
Ҳар ки дорад ҳасани маънӣ дар ҳисоб одамӣ аст
Бо дили маҷрӯҳи одам кор дорад шӯри ишқ
Ин намак аз синаи чокони кабоб одамӣ аст
Нест анҷуми ин ки май бинӣ бар авроқи фалак
Ҷабҳаи гардуни арақи рез аз ҳиҷоб одамӣ аст
Вусъати машраби иборат аз фазоӣ ҷинат аст
Чашмаи кавсари ҳамин чашми пари об одамӣ аст
Нақш бар обаст пеши боддстиҳои ишқ
Ақли пуркорӣ ки сари лавҳи китоб одамӣ аст
Ризқ , худро май расонад ҳар куҷои қисмат буд
Хандаи саршори гандум бар шитоб одамӣ аст
Дил манеҳ бар миҷмари заррини гардун зинҳор
Кохтар сайёрааш ашки кабоб одамӣ аст
Одамияти ҳасани гандуми гавани псндидн буд
Ҳар ки бошад ин мазоқаш дар ҳисоб одамӣ аст
Ин ҷавоби он ғазали соиб ки носеҳ гуфта аст
Офтоб безаволӣ дар ниқоб одамӣ аст