То напӯшидааст рӯй холро хат дӣданӣ аст

То нигардидааст соҳиби тухми райҳон чиданӣ аст

наметавон хонд аз ҷабини боғбони ҳоли чаман

Пештар аз нома дидани ранги қосид дӣданӣ аст

Ҳеҷ кофарро илоҳии ёр ҳар ҷое мабод !

Саргузашти булбулони ин чаман нишниданӣ аст

Вақти он каси хуш ки аз оғози чашми хеши баст

Чун назар аз кори олами оқибат пӯшиданӣ аст

намеравад бар боди охир чун зи бедоди хазон

Бо лаби хандони сари худ ҳамчуи гул бахшӣданӣ аст

Хӯшаи чини хирмани нокушта бӯдан мушкил аст

Дар баҳори зиндагонии донае Пошиданӣ аст

Ҳар қадам чоҳӣаст аз чашми ҳасудони пари зи теғ

Доман аз хоки ватан чун моҳи канъон чиданӣ аст

Нусхаи мағлут дар девони маҳшар боб нест

Чун қалам бар нусхаи аъмоли худ гардиданӣ аст

То бидонанд аз чаҳ гулзории ҷудо афтода анд

Як ду гули зини бӯстон аз баҳри ёрон чиданӣ аст

Дӯст медоранд соиби ошиқони ағёр ро

Дасту пои боғбони буии гул бӯсиданӣ аст