Дил ба хӯн дар интизори ваъда ҷонон нишаст
Бар сари оташ ба тамкини ин чунин натавон нишаст
Дар садафи гавҳари зи чашм шӯр бошад дар амон
Ҳасани Юсуф беш шуд то дар чаҳ ва зиндон нишаст
Бими сайлоби хатар фаршаст дар маъмура ҳо
Фориғ алболаст ҳар ҷғдӣ ки дар вайрон нишаст
Аз кавокиб то пар аз сангаст домони фалак
Бо ҳузури дили дарин ваҳшат саро натавон нишаст
Гашти тир рӯй таркиш дар назарҳо оҳи ман
Дар дили тангами зи баси паҳлавии ҳам пайкон нишаст
Чашмаи хуршед дар гирди хиҷолат ғӯта зад
То ғубори хати мишкӣн бар рух ҷонон нишаст
Доштами вақти хушӣ аз беқарориҳои ишқ
Киштем бебол ва пар гардид то тӯфон нишаст
Дар сиёҳӣ чун нигин зад ғӯтаи Искандар , вале
Хизрро нақши мурод аз чашма ҳайвон нишаст
Шуд абири раҳмати ҷовиди соиб дар кафан
Ҳар киро гардии зи роҳи ишқ бар домон нишаст