Тавба натавон кард аз май то шароб ноб ҳаст

Аз таяммуми даст бояд шаст ҳар ҷо об ҳаст

Суҳбати ишроқро теғи забон дар кор нест

Шамъро хомӯш бояд кард то маҳтоб ҳаст

Олами об аз тнк зарфон шавад пари шӯру шар

Офат аз дарёи фузун дар ҳалқа гирдоб ҳаст

Дидаи хафоаши табъони муҳаррами ин роз нест

Варна дар ҳар зарраи он хуршед ъолмтоб ҳаст

Нест мумкин аз ибодат гарм гардад сина Эй

Зоҳиди афсурда то дар гӯша миҳроб ҳаст

наметавонад ҳалқа бар дар зад ҳарими ҳасан ро

Дар раги ҷон ҳар киро чун зулфи печ ва тоб ҳаст

Гар туоне ҳамчуи мардон аз сабаби пӯшеди чашм

Олимии дигар ба ғайр аз олам асбоб ҳаст

Хоб осоиш набошад хотири огоҳ ро

Дар бисоти хок то як дида бихўоб ҳаст

Рӯзӣ бе хӯни дил кам ҷӯ ки дар баҳри вуҷӯд

Бе кашокаши туъмае гар ҳаст , дар қуллоб ҳаст

Нест мумкини як нафаси соиб ба ком дил кашад

Ҳар киро дар сари ҳавоӣ гавҳар ноёб ҳаст