Ҷузи парешони хотирӣ дар олам эҷод чист ?

Ғайри муштии хорўхс дар хона сайёд чист ?

Баҳр ишқаст ин ки мавҷаш май шикофади кӯҳ ро

эй ҳубоби сусти бунёди ин сари пар бод чист ?

Ақл маъзӯраст мекӯшад агар дар нафии ишқ

Аз рухи зебои насиби кӯр модарзод чист ?

Рехти авроқи ҳавосами охир аз боди нафас

Ҷузи парешоне , гули ҷамъият аздод чист ?

Аз насаб кардани тафохур бар ҳасби саг сиратӣ аст

Ғайри муштии устихон дар даст аз аҷдод чист ?

Мурғи зирак дар ҷабин дона бинад дом ро

Домро дар хоки пинҳон кардан эй сайёд чист ?

Теша ҳар кас зад ба пои хасм , зад бар пои хеш

Кӯшиши парвиз дар хунрезӣ Фарҳод чист ?

Гарна наққошӣаст отшдст дар сулби вуҷӯд

Печу тоби зулфи ҷавҳар дар дил фӯлод чист ?

Ҷузи ғубори хотиру гирди кудурат ҳар нафас

Қисмати соиби азин дайри хароб обод чист ?