Илтифоти зоҳидии хушк , тар созад маро

Гармии афсурдагони афсурда тар созад маро

Ашки нисонм , гадоӣ дорам аз баҳри гуҳар

Чун садафи домони покӣ , то гуҳар созад маро

Маънии давр , аз либос лафз мегардад ҷудо

Мухтасар , кӣ ин ҷаҳон мухтасар созад маро

Шуъла бебокро аз чўбкорӣ бок нест

Чӯби гул аз буии гули девона тар созад маро

Нохун фӯлод дорам дар кушоди корҳо

Буии хӯни соҳиби ҷигар чун нештар созад маро

Баҳрро талхии зи офатҳо дуоӣ ҷавшан аст

Тлхрўиӣ аз ҳаловат бештар созад маро

Риштаи умрам ба андак фурсатӣ гардад гиреҳ

Гар чунин бетоб , он мӯӣ камар созад маро

Ҷазбаи дарё буд соиби далели сайли ман

Кӣ раҳи хобидаи дилгир аз сафар созад маро ?