Зулфи шаб анбар фишон аз накҳат гесуӣ кист ?
Чеҳраи рӯзи офтобӣ аз фурӯғ рӯй кист ?
Он ки аз рухсори отшноку холи анбарин
Доғ дорад олимиро лола худрӯй кист ?
Дар хами абрӯии пари кор ки дорад моҳи нав ?
Офтоби шӯхи чашми ойӣнаи дор рӯй кист ?
Сарви по бар ҷойро ҷустани хилоф одат аст
Нолаи қамарии зи шавқи қомат дилҷӯй кист ?
Шӯхи чашмони хутанро пои гардун сайр нест
Ломакони пари гирди ваҳшат аз Ром оҳӯӣ кист ?
Пушт бар миҳроб , аҳли дил ибодат ме кунанд
Қиблаи ин дурбинони гӯша абрӯӣ кист ?
Ҷавҳари ойӣна ҳамчун мӯии оташ дида аст
Ин татовул аз фурӯғи офтоб рӯй кист ?
Офтобу моҳро дар хилват дил нест роҳ
Ёрб ин ойӣнаи густох ҳмзонўӣ кист ?
Мавҷ рағбат мезанад аз ҷӯии хӯни чандини канор
Сарви болои даст ӯ то дар канор ҷӯй кист ?
Чун ҷамоли лоязолӣ дар ниқоб исмат аст
Олами сӯрати нгорстони зи акс рӯй кист ?
Гар насими субҳдами гулро гиребон чок кард
Субҳро захми намоён бар дил аз бозуӣ кист ?
Олимӣ дар ҷустуҷӯии моҳ агар саргашта анд
Наъли моҳи ид дар оташи зи ҷуст ва ҷӯй кист ?
Дидаҳо ойӣнаи умед сайқал ме зананд
Бо насими субҳдам ёрб ғубор кӯй кист ?
Накҳати мағзи ошноӣ казтарӣу тозагӣ
намефишонд хуфтагонро об бар рӯ буи кист ?
Аз намакдон ки дорад андалеби ин шӯрро ?
Тавқи анбари фоми қамарии ҳалқа гесуӣ кист ?
Барнаёмад ҷуръати Мансур бо дори фано
Ин камони сахт ёрб дар хур бозуӣ кист ?
Ин қадар донам ки ҳар соъат ба рангӣ ме шавам
Ман чаҳ медонам дили саргашта дастанбуӣ кист ?
Ин ҷавоби он ғазали соиб ки ғофил гуфта аст
Ҷон ба лаб дорам , забонам гарм гуфт ва гӯй кист ?