Нест то пок аз ғаразҳо дар саховат суд нест

Дар талоши ном , симу зар фишондан ҷӯад нест

Хоби ғифлати пардаи чашми ғалат байн ме шавад

Варна дар маҳди замини осӯдагӣ мавҷӯд нест

Оҳро аз дарду доғ ишқ бошад болу пар

Нагзарад аз пушти лаби оҳӣ ки дардолӯд нест

намекунад обу алафи зойеъи дарин бстонсро

Ҳар ки аз гуфтору кирдораши дилӣ хушнӯд нест

Сайлро аз баҳр бе поёни гузаштан мушкил аст

Санги роҳии шавқро чун манзил мақсӯд нест

Буи хӯн меояд аз гулҳои ин бстонсро

Сарви ин гулзор кам аз теғ заҳролӯд нест

Теғ маъзӯраст дар кӯтоҳии зулфи Аёз

Саркашӣ бо подшоҳони оқибат Маҳмӯд нест

Заҳрро бар худ гуворо мекунад нафаси хасис

Ҷузи зиёни оми мардум , тоҷиронро суд нест

Дидаи ноқиси басират аз ҳунар уфтад ба айб

Чашми равзанро насиб аз шамъи ғайр аз дӯд нест

Буии таслим аз гулистон ризо нашунида аст

Кӯтаҳи андешӣ ки аз вазъи ҷаҳон хушнӯд нест

Ҳар чаҳ пеш аз марг май бахше ба соил ҳиммат аст

Баргро дар бргриз аз худ фишондан ҷӯад нест

Сулҳ кун соиб ба доғи ишқи азин ибрати саро

Дар бисоти осмонгар ахтар масъӯд нест