Чашм ӯ чандон ки маст хоб месозад маро

Тоби он мӯии миён бетоб месозад маро

То шудам маҳви ҷамол ӯ , асар аз ман намонад

Чун каттони омезиш маҳтоб месозад маро

То нагаштам даври азу , комил нагаштам , ҳамчуи моҳ

Даврии хуршеди олам тоб месозад маро

Хўшдлм бо оҳи сарду гиряҳои оташин

Бе такаллуфи ин ҳаво ва об месозад маро

Сар наме печам чу Тифл аз гӯшмоли рӯзгор

Ҷавҳари теғам ки печ ва тоб месозад маро

Дар гудози гавҳари ман оташӣ дар кор нест

Дидани гули ҳамчуи шабнам об месозад маро

Гарчи имрӯз аз ръўнти сари фурӯи норад ба ман

Хок чун гирди фалак миҳроб месозад маро

Ин сабки рӯҳӣ ки ман аз кунҷи азлат дида ам

Дили гарон аз суҳбат аҳбоб месозад маро

Хоксорони сайқал ойӣна якдигаранд

Дард май беш аз шароб ноб месозад маро

Май гузорами сар ба пои хок , соиби сояи вор

Чарх агар хуршеди олам тоб месозад маро