Афсари заррини сари озодаро дар кор нест

Нақши айби коса чинӣаст чун мӯдор нест

Бошад аз таъбири ин хоби парешон бе ниёз

ӣнқадари андеша дар назми ҷаҳон дар кор нест

Мади эҳсон чун надорад хомаи шох бебарӣ аст

Нештар бошад раги абрӣ ки гавҳарбор нест

Меҳр бар лаби зан ки дар девони он ойӣнаи рӯ

Тӯтӣонро обрӯии сабза зангор нест

Аз парасторони дили аФгорро доғӣ бас аст

Беҳтар аз дилсӯз , шамъӣ бар сар бемор нест

Нагзарад миноӣ май хушк аз лаби хомӯши ҷом

Пеши арбоби саховати ҳоҷат гуфтор нест

Бодаи хорони айби ҳамро парда дорӣ ме кунанд

Базм майро рахнае чун дида ҳушёр нест

Саъй дар кирдор бегуфтор мардон ме кунанд

Ризқи мо соиб ба ҷузи гуфтор бекирдор нест