Кӯчаи гирди бихўдиро хонимон дар кор нест

Шоҳбози ломаконро ошён дар кор нест

Баст бар ман резиши пери Муғони роҳи суол

Дар миёни баҳри моҳиро забон дар кор нест

Бедалелу раҳнамои сайлоб восил шуд ба баҳр

Ҷазбае гар ҳаст азон сӯ , корвон дар кор нест

Андалеб аз буии гул дар байза мастӣ ме кунад

Чун ғизо афтод рӯҳонӣ , даҳон дар кор нест

Давр бошӣ нест ҳоҷат рӯй шарм олуд ро

Боғ чун дарбаста бошад боғбон дар кор нест

Орифони пеш аз аҷали тарк алойиқ карда анд

Дил чу шуд сард аз ҷаҳони боди хазон дар кор нест

Аз ҳўснокони суроғи кӯии ҷононро мапурс

Ҷунбиши тири ҳавоиро нишон дар кор нест

Ҷӯш гул бошад сабки ҷавлонтар аз сайли баҳор

Мурғи зиракро дарин боғи ошён дар кор нест

Май баради кафро сбкбории зи дарё бар канор

Киштӣ белангаронро бодбон дар кор нест

Сангро посанг ҳоҷат нест чун бошад тамом

Чашми моро пардаи хоби гарон дар кор нест

То намегардад сафири хомаи соиби баланд

Ҳоиҳўиӣ дар миёни булбулон дар кор нест